Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Санъо дипломати италиявӣ рабуда шуд


Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, афроди ношинос корманди хадамоти амниятии сафорати Италияро рабуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, одамрабоӣ дар маҳаллаи наздик ба сафорат ба вуқӯъ пайваст. Ҷустуҷӯи одамрабоён идома дорад.

Рабудани хориҷиён дар Яман зиёд рӯх медиҳад. Бештари рабудашудагон бидуни пардохти гаравпулӣ раҳо карда мешаванд. То ҳанӯз як хонум аз Швейсария, ки моҳи март рабуда шудааст, дар асорат боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG