Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 8 нафар дар ҳамлаҳои толибон дар Афғонистон


Бар асари ҳамлаҳои толибон рӯзи якшанбе дар Афғонистон ҳашт нафар кушта шуданд.

Дар вилояти Вардак ҷангҷӯён мошини раиси волусволии Чак Исмоил Вафоро тирборон карданд. Мансабдори маҳаллӣ ва писари ӯ ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамлаи дигари мусаллаҳони “Толибон” ба як постгоҳ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд се корманди полис ва се сокини осоишта ҷон бохтанд, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG