Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор варзишгари тоҷик вориди сабқатҳо мешаванд


Дар Бозиҳои олимпии Лондон имрӯз чаҳор варзишгари тоҷик вориди рақобатҳо мешаванд.

Дар риштаи дзюдо Расул Боқиев дар вазни то 73 кило бо Даниел Виллямс аз Бритониё дасту панҷа нарм хоҳад кард. Муштзан Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 81 кило бо Яҳё Элмекагарӣ аз Тунис қувва меозмояд. Рақиби муштзани дигари тоҷик дар вазни то 56 кило Анвар Юнусов боксёр аз Мексика Оскар Валдес хоҳад буд.
Ҳамчунин дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 кило Парвиз Собиров бо Мелонӣ Робертои итолиёвӣ рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG