Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ҳалаб шаҳрро тарк мекунанд


Ба иттилои СММ, тайи ду рӯзи ахир шаҳри Ҳалаб, бузургтарин шаҳри воқеъ дар шимоли Сурияро, тақрибан дусад ҳазор нафар аз сокинон тарк намуданд. Фирори оммавӣ – натиҷаи ҳамлаи густурдаи артиш ба ин шаҳр аст.

Валерӣ Амос, раиси идораи СММ дар умури амалиёти башардӯстона, аз мақомоти Сурия даъват намуд, ки барои ираи кӯмаки башарӣ ба шаҳр долони амниятӣ боз кунад. Теъдоди мардуме, ки дар муҳосира мондаанд, маълум нест. Одамон дар мактабҳо ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ панаҳ бурдаанд ва аммо аз камбуди ғизо, об ва дорувор азият мекашанд.

Фармондеҳи яке аз гурӯҳҳои Артиши озодибахши Сурия шайх Абдулраҳмонӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки "дар ин ҷо хун мерезад. Вазъият хело ғамбор аст. Моро бо ҳавопаймоҳо бомборон мекунанд. Тӯпхона ба ҳар тараф гурӯла меандозад. Онҳо миёни сокинони осоишта ва дигарон фарқе намегузоранд".

Дирӯз Шӯрои миллии Сурия аз кишварҳои хориҷӣ хост, ки мухолифини ҳукуматро бо силоҳ таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG