Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Басеску: "Шаҳрвандони Руминия табаддулотро напазируфтанд"


Траян Басеску
Траян Басеску
Дар Руминия раъйпурсӣ дар робита ба истеъфои раисиҷумҳур Траян Басеску анҷом ёфт. Барои қонунӣ эълон шудани натоиҷи райъдиҳӣ дар он бояд дасти кам 50 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат мекарданд.

Раисиҷумҳури муваққатан аз мақом барканоршуда Траян Басеску аллакай эълом дошт, ки “шаҳрвандони Руминия табаддулотро қабул накарданд”. Кафили мақоми раисиҷумҳур Крин Антонеску баргузории раъйпурсиро “зуҳуроти демократия” номид.

Мухолифини раисиҷумҳур, аз ҷумла, нахуствазир Виктор Понта, Басескуро дар он айбдор мекунанд, ки ҳангоми баъзе тасмимгириҳои сиёсӣ берун аз ваколаташ пой гузоштааст. Ба ҳамин хотир аввалҳои моҳ парлумон ӯро муваққатан аз мақомаш барканор кард.

Натиҷаҳои расмии раъйпурсӣ имрӯз эълон мешаванд.
XS
SM
MD
LG