Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиада: Имрӯз рӯзи дучархасаворӣ, шиноварӣ ва футбол аст


Рӯзи дуввуми бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон идома дорад. Дар ин рӯз варзишгарон аз рӯи навъҳои шиноварӣ, дучархасавории занон дар масофаи 140 километр, вазнабардорӣ ва амсоли он бо ҳам мусобиқа мекунанд.

28-ӯми июл дар рӯзи аввали бозиҳо Сергей Бабиков ва Собирҷон Назаров-ду варзишгари тоҷик бозиҳои тобистонаи олимпии 2012 дар Лондон дар рақобат бо ҳарифони худ ба шикаст рӯбарӯ шуданд.

Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангчаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва бо 562 имтиёз зинаи 44-умро ишғол кард. Дар ин навъи рақобатҳо Чин Чжон О аз Кореяи Ҷанубӣ бо 688,2 имтиёз ғолиб ва бо медали тило сарфароз гашт.

Дар мусобиқоти бокс дар даври 1/16 ниҳоӣ Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило аз рақибаш Муҷанҷие Касуто аз Намибия аз рӯи холҳо бо ҳисоби 8:11 мағлуб ва аз идомаи мубориза маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG