Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз рӯзи дуввуми даргириҳои шадид дар Алеппо гузориш мерасад


Гузориш мерасад, ки дар шаҳри Алеппои Сурия-маркази тиҷоратии ин кишвар рӯзи дуввуми даргириҳои шадид идома дорад. Нируҳои режими Башор Асад ва шӯришиён барои назорарт бар ин шаҳр даргириҳоро идома медиҳанд.

Нируҳои вафодор ба Башор Асад аз чархбол ва тӯпхона ба маҳаллоте, ки зери назорати шӯришиён қарор дорад, оташ мекушоянд. Дар ин шаҳр 2,5 миллион нафар ба сар мебарад ва фаъолон мегӯянд, бими он меравад, ки дар миёни сокинон низ афроди кушташуда ва захмӣ мавҷуд бошад.

Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи маҳофили байналмиллалӣ аз ҷонибҳо хостааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва муноқишаи 16 моҳи ахир дар Сурия аз роҳҳои сиёсӣ ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG