Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хоруғ аъзои як гурӯҳи мусаллаҳ аслиҳаи худро месупорад


Дар шаҳри Хоруғи Бадахшон аъзои як гурӯҳи мусаллаҳ ба таслими аслиҳаи худ оғоз кардаанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ҳар касе, ки аслиҳаи худро ба мақомоти интизомӣ таслим мекунад, мавриди афв қарор мегирад.

Дар музокира бо аъзои гурӯҳи мусаллаҳ шахсиятҳои мазҳабии Бадахшон ширкат доранд.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳри Хоруғ-маркази вилояти Бадахшон оромии нисбӣ мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG