Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти маркази минтақавии СММ роҷеъ ба вазъи Хоруғ


Маркази минтақавии СММ дар Тоҷикистон оид ба дипломатияи пешгирона дар робита бо рӯйдодҳои ахири Хоруғ изҳороте пахш кардааст.

Дар он омадааст: “СММ ҳаводиси нигаронкунандаи Хоруғро аз рӯзи 24-уми июл, аз замоне, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти махсусро дар Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ оғоз кард, зери назар дорад”.

Маркази минтақавии СММ аз ҷонибҳо хостааст, ки “хештандориро пеша намуда, дастрасии мардуми осоиштаро ба хадамоти тиббӣ, ғизо ва дигар лавозимоти аввалия таъмин намоянд”.

Дар изҳорот гуфта мешавад, СММ омода аст, ки барои расондани кӯмаки башардӯстона ва ёрӣ ба аҳолии зарардида мусоидат намояд. Набуди алоқа ва дастрасӣ ба Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ арзёбии айнии оқибати ҳаводиси аз замони шурӯъи амалиёт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рухдодаро мушкил мегардонад. Бинобарин, СММ имкони арзёбии ниёзҳои мардуми маҳаллиро ба кӯмаки башардӯстона, ки дар натиҷаи хушунат ба вуҷуд омадаанд, надорад.

Маркази минтақавии СММ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки барои дастрасии СММ ва созмонҳои дигари башардӯстона дар Хоруғ ва навоҳии атрофи он бо мақсади арзёбии зуди ниёзҳои инсонӣ мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG