Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз рӯҳониёни тоҷик аз он нигаронанд, ки бо гузашти бештар аз бист сол аз фурӯпошии Шӯравӣ назарияи маъруфи эволютсионӣ ё такомули Чарлз Дарвин дар бораи пайдоиши инсон дар китобҳои таълимии Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Онҳо пешниҳод доранд, ки ё ин назария аз китобҳои дарсии тоҷикон ҳазф гардад ва ё дар баробари ин, ақидаи мусалмонон дар бораи пайдоиши инсон аз хок ҳам дарҷ шавад.

Сайидиброҳими Назар, яке аз масъулони Ҳизби Наҳзати Исломӣ, гуфт, назарияи Дарвин барои коммунистҳои материалист ё моддигаро муҳим буд ва онҳо дар гузашта ба унвони назарияи мутлақ онро тарғиб мекарданд. “Ҳоло фурсати он расидааст, ки бояд ин назария аз китобҳои таълимӣ берун андохта шавад”,-таъкид дорад ҷаноби Назар.

Аксар мардум Чарлз Дарвин, донишманди табиатшиноси асри 19-ро ҳамчун кашшофи назарияи ҷаҳонгири эволютсия мешиносанд. Назарияе, ки ҷаҳонбинии мардумро дигар кард. Бар асоси назарияи Дарвин, тамоми анвои мавҷудоти зинда аз як навъ тавассути интихоби табиӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин назария, аз ҷумла мегӯяд, инсон таҳти таъсири муҳити атроф аз маймун пайдо шудааст. Бо ин вуҷуд, ки рӯҳониён назарияи эволютсияро башиддат ба чолиш мекашанд, ин назария тақрибан дар саросари дунё эътироф шуда ва дар мактабу донишгоҳҳо таълим дода мешавад.

Чарлз Дарвин

Чарлз Дарвин

Таълимоти Дарвин ҳанӯз дар замони Шӯравӣ шомили барномаҳои дарсӣ дар макотиби Тоҷикистон шуда, то ҳол дар китобҳои дарсӣ боқӣ мондааст. Як устоди фанни биология, мегӯяд, ҳамчун мусалмон таълимоти Исломро дар бораи офараниши инсон инкор намекунад, вале дар дарс назарияи Дарвинро ба толибилмон таълим медиҳад, ки таҳти таъсири муҳит аз маймун пайдо шудани одамро таъкид мекунад.

Ин аст, ки Сайидиброҳими Назар мегӯяд, вуҷуди таълимоти Дарвин дар китобҳои дарсӣ муҳассилинро дар чорроҳаи интихоб мегузорад ва боварро ба ин ки инсонҳо аз хок офарида шудаанд, камтар месозад. Вале дар айни ҳол, ӯ гуфт, фазои динии ҷомеаи Тоҷикистон фазои суннатӣ ё классикист, ки ҳар гуна таблиғоти бегона ба зудӣ ҷо гирифта наметавонад.

Бар хилофи таълимоти Дарвин, пайравони дини мубини Ислом ба ин боваранд, ки Худованд инсонро аз як каф хок халқ кардааст. Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии саршиноси тоҷик, дар як мавъизаи худ рӯи мавзӯи пайдоиши инсон баҳс карда, бо такя ба Қуръони карим гуфтааст, Инсон аз хоку Шайтон аз оташ офарида шудаанд.

Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, Дарвин аз нигоҳи илмӣ назарияи худро исбот сохт, аммо исломиҳо то ҳол натавонистаанд, назарияи худро аз нигоҳи илмӣ собит намоянд. Ӯ гуфт, ин аст, ки ба ақидае, ки ҳазору чаҳорсад сол пеш вуҷуд дошта, асоси илмӣ надорад, наметавонад бовар бикунад.

Сайидиброҳими Назар

Сайидиброҳими Назар

Дар ҳамин ҳол, Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди фалсафа, низ дар торнамои худ дар ин бора баҳс карда ва нигоштааст, бояд ин масъала таҳқиқ ва ҳақиқати ҳол рӯи об барояд. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, исломиҳо наметавонанд дар ин маврид ба Қуръон такя кунанд, чун ба бовари Истаравшанӣ, Қуръони Карим ба сароҳат дар ин замина чизе нагуфтааст. “Камина муддаӣ нестам, фарзияи Дарвин як фарзияи сад дар сад дуруст аст. Ҳаргиз. Аммо бутлонаш ҳам ҳанӯз собит нашудааст ва чи басо дуруст бошад. Дарвин як фарди худобехабар ҳам набуд, тарҷумаи ҳолашро бихонед, як одами комилан худобовар буда. Бандаи Худо қасам ҳам нахӯрда буд, ки ҳатман чизе бигӯяд, ки хилофи шариат бошад. Камар баст, заҳмат кашид, таҳқиқ кард ва натиҷаи таҳқиқоташро арза кард; албатта на ин ки аз пеши худаш чизе бофта бошад, балки шавоҳиду қароине барои иддаоҳояш матраҳ мекунад. Агар мо худ камар бибандем ва таҳқиқ анҷом бидиҳем ва шавоҳиде ба даст оварем, ки бар хилофи фарзияи Дарвин будааст, он гоҳ месазад, ки ба амсоли Дарвину дарвинистҳо бигӯем, ба ин далелу он далели илмӣ шумо иштибоҳ мекунед, на ин ки Қуръони Каримро ба миён гузорем”,-афзудааст ӯ.

Ҳар боре баҳс сари таълимоти Дарвин равад, ҳатман пойи Мирзо Абдулқодири Бедил ҳам дар миён кашида мешавад, бо ин байти худ, ки гуфта:

Ҳеҷ чизе бе ҳаюло қобили сурат нашуд,
Одамӣ ҳам, пеш аз он, к-одам шавад, бузина буд.


Ҳоҷӣ Мирзо

Ҳоҷӣ Мирзо

Рӯҳонии тоҷик, Ҳоҷӣ Мирзо, мегӯяд, дар охири мисраи дувум бояд аломати савол гузошта шавад ва он як ҷумлаи саволӣ бошад, ки оё одамӣ пеш аз он ки одам шавад, бӯзина буд ё чизи дигар? Рустами Ваҳҳоб мегӯяд, ҳадафи Бедил аз ин мисраъҳо ҳаргиз таъкид ба ин набуда, ки одамӣ аз насли маймун ё бӯзина аст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, натанҳо Бедил, балки ҳеҷ оқиле ба ин назария наметавонад ризо бошад.

Албатта, бо гузашти айём таъсире, ки назарияи Чарлз Дарвин дар бештар аз 150 соли пеш, замони кашф шуданаш, дар зеҳнҳо гузошта буд, хеле коҳиш меёбад ва таваҷҷӯҳ ба ӯву ақидаҳояш акнун ба гунае нест, ки дар асри 19 буд. Вале худи Чарлз Дарвин, ки пайравонаш ӯро “Муҳаммад Алии илми биология” меноманд, гуфта буд, ҳатто агар як довари мусаллат дурустии назарияи ӯро эътироф кунад, ҷаҳон хоҳад фаҳмид, ки назарияи эволютсия чӣ пешрафти бузурге дар илми дунё ба вуҷуд овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG