Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Имшаб" -- талоше барои рангин сохтани шабҳои ҷавонон


Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Аҳмадалӣ Тоҷиддинов

Аввалин торнамои тафреҳӣ дар Тоҷикистон нишонии худро дар интернет ба забони тоҷикӣ баргардонд.

Хабарнигори барномаи "Ояндасоз"-и Радиои Озодӣ бо муассиси ин торнамо Аҳмадалӣ Тоҷиддинов мулоқот кард ва ин сӯҳбатро орост.

Озодӣ: Аҳмадалӣ чӣ водор кард, ки торнамои tonight.tj - ро роҳандозӣ намоӣ ва ҳадафи ин торнома чист?

Аҳмадалӣ: "Дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон чунин лоиҳаҳои тафреҳӣ зиёданд. Дур намеравем. Масалан, дар Қазоқистон зиёда аз 10 чунин торнамоҳо мавҷуданд. Соли 2008-ум дар Остона дар таҷрибаомӯзӣ будам ва дӯстони нави қазоқам маро ба чанд ҷойҳое таклиф карданд: тарабхонаҳо, дискоклубҳо. Дар он ҷо бо чунин лоиҳаҳо шинос шудам. Баъд аз сафар хеле зиёд фикр мекардам барои чӣ ин гуна лоиҳаҳо дар Душанбе мавҷуд нестанд ва аз паси ин кор шудам. Мутассифона, дар вақти таҳсил наметавонистам, ки бо ин кор машғул шавам. Пас аз хатм дар соли 2011-ум ба ин лоиҳа машғул шудам ва бо дӯстам Далер Мадаминов лоиҳаро моҳи декабри соли 2011-ум ба анҷом расондем. Тonight.tj ин пиар-проект мебошад. Мо дар тарабхонаҳо, дискоклубҳо ва дигар ҷойҳои тафреҳӣ чорабиниҳо мегузаронем ва бо тариқи интернет одамонро таклиф мекунем."

Озодӣ: Оё сатҳу сифат ва нархи хидматрасонии маконҳои тафреҳӣ дар Душанбе туро қонеъ мекунад?

Аҳмадалӣ: "Хеле шодам, ки дар ду соли охир маконҳои тафреҳии хуб зиёд шудаанд. Аммо бисёре аз онҳо танҳо дар маркази шаҳр ҷойгир шудаа ва нархҳояшон каме гарон аст. Бинобар ин, на ҳамаи шаҳрвандон метавонанд, ки аз хадамоти онҳо истифода кунанд."

Озодӣ: Сабаби ба тоҷикӣ баргардон кардани нишонии торнамо дар чӣ буд?

Аҳмадалӣ: "Бисёриҳо ҳангоми ҳуруфчинии нишонии торнамои мо tonight.tj душворӣ мекашиданд. Бинобар ин, мо нишониамонро ба тоҷикӣ баргардон кардем. Ҳоло акнун торнамои мо бо нишонии imshab.tj ҳам дастрас хоҳад буд."

Озодӣ: Чанд муддат аст, ки tonight.tj фаъолият дорад ва дар ин мӯҳлат ба кадом муваффақиятҳо ноил гаштааст?

Аҳмадалӣ: "Торнамои tonight.tj 26-уми июни соли 2012 нимсола шуд. Дар ин ним соли фаъолияти худ мо тақрибан дар 20 мавзеи тафреҳӣ маросимҳои худро гузарондем. Яке аз маросимҳои муваффақтарини tonight.tj ин маросими "Тоқидорон" буд, ки дар тарабхонаи "Шаш-Беш" гузашт. Чунин маросим аввалин бор дар Осиёи Миёна гузаронида шуд. Ҳамчунин мо дар консерти гурӯҳи "Авесто" ёрии иттилоотӣ расондем ва аксҳои консертро низ пешниҳоди мухлисон кардем. Дар дигар чорабиниҳое, ки дар Кохи Ваҳдат бо иштироки ситораҳои тоҷик баргузор мегашт, иштирок кардаем."

Озодӣ: Ба фикри ту, дар Душанбе чӣ гуна маконҳои тафреҳӣ барои ҷавонон намерасад. Манзур ин аст, ки дар дигар шаҳрҳо ҳасту дар пойтахти Тоҷикистон нест?

Аҳмадалӣ: "Дар Тоҷикистон солҳои охир маконҳои зиёди тафреҳӣ бунёд мешаванд. Фикр мекунам, агар ҳамин маконҳои тафреҳии мавҷуда фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, хеле ҳирфаӣ кор кунанд, хуб мебуд. Аммо ҳоло ҳам маконҳои тафреҳии варзишӣ каманд. Агар ин гуна маконҳо дар Тоҷикистон зиёд мешуданд, ҷавонон метавонистанд вақти холии худро босамар гузаронанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG