Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали дуввуми тиллои Олимпиадаро қазоқҳо гирифтанд


Александр Винокуров-дучархасовор ва варзишгари Қазоқистон дар мусобиқоти дучархаронӣ дар бозиҳои олимпии Лондон медали тилло ба даст овард. Вай дар ин мусобиқа аз Ригоберто Уран-варзишгари Колумбия пеш гузашт ва пирӯз шуд.

То 10 километр ба поёни масофа ин ду варзишгар аз гурӯҳи аслӣ ҷудо шуданд ва бо ҳам дар километрҳои ахир рақобат мекарданд. Дар лаҳзаҳои ахир Винокуров рақибашро ақиб гузошт ва аввал ба марра расид. 12 соли пеш Винокуров дар Сидней медали нуқра гирифта буд.

Дар мусобиқаи рӯзи шанбе Александр Кристов аз Норвегия мақоми севву ва медали биринҷии Олимпиадаро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG