Пайвандҳои дастрасӣ

Зардорӣ нахуствазири Ҳиндро ба Покистон даъват кард


Зардорӣ ва Сингҳ ҳангоми мулоқоти пешин дар Ҳинд

Зардорӣ ва Сингҳ ҳангоми мулоқоти пешин дар Ҳинд

Раиси ҷумҳури Покистон ба таври расмӣ аз нахуствазири Ҳиндустон даъват кардааст, ки аз Покистон боздид ба амал орад. Ин даъват ишорае ба нишонаҳои оддӣ шудани муносиботи миёни ду кишвари рақиб ва дорои аслиҳаи ҳастаӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад. Ҳукумати Покистон мегӯяд, ки Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар даъватномаи худро дар номае рӯзи ҷумъа ба Мамуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон фиристодааст.

Вале дар бораи вақти ин боздид маълумот дода намешавад. Зардорӣ бори ахир бо Манмуҳон Сингҳ ҳангоми зиёрати макони муқаддаси мусулмонон дар Ҳинд бо вай мулоқот карда буд.

Аз соли 1947 аз замони истиқлоли Покистон то ҳол ин ду кишвар се ҷанги байни якдигариро аз сар гузаронидаанд.
XS
SM
MD
LG