Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Русия аз ташдиди вазъ дар Алеппо


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Рӯзи шанбе Русия ҳушдор дод, ки дар Алеппо фоҷеа ба бор меомад, барои ҳамин артиши Сурия ба ҳамлаи ҷавобӣ гузаштааст. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ғайривоқеъбинона аст, ки ҳукумат мунтазир бимонад ва нируҳои мусаллаҳи мухолифон шаҳрҳои аслиро ба тасарруфи худ дароранд.

Бино ба гузоришҳо, нируҳои артиши Сурия бар зидди шӯришиёни мухолифи режим рӯзи шанбе дар шаҳри Алеппо ҳамлаи ҷавобиро оғоз кардаанд. Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки аз ҳисоби мухолифони режими Башор Асад ташкил шудааст, аз қавли фаъолони мухолифон дар Сурия мегӯяд, нируҳои давлатӣ дар қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Алеппо бо ҳимояти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ аз ҳаво амалиётро давом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG