Пайвандҳои дастрасӣ

Режими Асад дар Алеппои Сурия ба ҳамлаи ҷавобӣ гузашт


Даргириҳо дар Алеппо

Даргириҳо дар Алеппо

Бино ба гузоришҳо, нируҳои артиши Сурия бар зидди шӯришиёни мухолифи режим рӯзи шанбе дар шаҳри Алеппо ҳамлаи ҷавобиро оғоз кардаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки аз ҳисоби мухолифони режими Башор Асад ташкил шудааст, аз қавли фаъолони мухолифон дар Сурия мегӯяд, нируҳои давлатӣ дар қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии шаҳри Алеппо бо ҳимояти ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ҷангӣ аз ҳаво амалиётро давом медиҳанд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар даргириҳои шадид дар Салоҳуддин 3 размандаи мухолифон кушта шудаанд. Бино ба гуфтаи мухолифон, рӯзи ҷумъа дар саросари Сурия 160 нафар кушта шудаанд, ки 17 нафари онҳо аз Алеппо будаанд.
XS
SM
MD
LG