Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: Баъзе гурӯҳҳои мусаллаҳ безарар карда шудаанд


Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳоло ҷои зист ду гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ таҳти роҳбарии Муҳаммадбоқир Мамадбоқиров ва Имомназар Имомназаров пурра зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад ва шумораи зиёди аъзои ин ду гурӯҳ ва баъзе аз аъзои гурӯҳи Толиб Айёмбеков низ безарар гардонида шуданд.

Дар гузориш омадааст, зиёда аз 30 аъзои гурӯҳҳои мазкур безарар гардонида шуда, 36 нафар захмӣ шудаанд. 5 шаҳрванди Афғонистон дастгир шудаанд.

Додситонӣ мегӯяд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратӣ 17 нафар ба ҳалокат расида, 40 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Як нафар сокини маҳаллӣ ҳалок шудааст, ки марди 58-сола буда, дар ҳамсоягии Имомназар Имомназаров зиндагӣ мекард.
XS
SM
MD
LG