Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 корманди додситонӣ дар Бадахшон аз гаравгонӣ раҳо шуданд


Абдусамеъ Додобоев

Абдусамеъ Додобоев

Бино ба хабари Додситонии кулли Тоҷикистон, гурӯҳи муфаттишони додситонӣ, ки дар вилояти Бадахшон ба гаравгонии гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ даромада буданд, аз гаравгонӣ раҳо шудаанд.

Абдусамеъ Добобоев-сарвари шӯъбаи байнулмилалӣ ва робитаҳои иҷтисоии додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳҳои силоҳбадаст таҳти фишори нерӯҳои ҳукуматӣ гаравгонҳоро озод кардаанд.

Ин манбаъ гуфт, 24-уми июли соли 2012 як гурӯҳи силоҳбадаст ба маҳалли кори гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулл дар Хоруғ, тахминан соати 03. 30 дақиқаи субҳ пеш аз оғози амалиёти махсус ворид шуда, 5 узви гурӯҳро гаравгон гирифтанд ва ду автомати тамғаи АКС 74-и онҳоро тасарруф намуданд.

Абдусамеъ Добобоев гуфт, гурӯҳи тафтишотии додситонӣ аз нав созмон ёфта, оид ба ин ҳодиса низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
XS
SM
MD
LG