Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснагӣ – такондиҳандаи ҷавонон ба муваффақият?


«Ҷавонон манбаи иқтидори ҳар ҷомеа ҳастанд ва онҳоро ба ҳар сӯ метавон равона кард: ҳам ба сӯи харобкорӣ ва ҳам ба тарафи ободӣ».

Ин нуктаро Алана Шейх, узви шоистаи созмони байналмиллаии TED дар конфронси ТEDx Душанбе иброз дошт.

Хонум Шейх дар мавзӯи «Афзоиши чашмгири шумораи ҷавонон дар Тоҷикистон боиси ташвиш аст ё умед ба ояндаи дурахшон?» суханронӣ намуд. Вай гуфт, дар таҷрибаи кишварҳои дунё ҳам мисолҳои самаранок истифода шудани қувваи ҷавонон барои рушд ва ҳам ба як нерӯи харобкор табдил ёфтани ҷавононро мушоҳида кардан мумкин аст.

Ҷомеаи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ пас аз Узбакистон ҷавонтарин маҳсуб мешавад. Тибқи нуфусшумории охир, дар Тоҷикистон зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар ҷавони то 30-сола ба сар мебаранд.

Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё давлати Тоҷикистон барои амалӣ шудани нақша ва ниятҳои ҷавонон шароит фароҳам овардааст?

Доктор Мунира Шаҳидӣ, донишманди тоҷик ва роҳбари Бунёди байналмиллалии Шаҳидӣ мегӯяд, сатҳи маърифати ҷавонони мо барои комёб шудан дар замони навин басанда нест. Барои ислоҳи вазъ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ бояд ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад: «Ман фикр мекунам ҷавононро ба мақомҳои раҳбарикунанда бояд роҳ дод. Масалан ман дар ташкилоти хурде ки роҳбар ҳастам ҳамеша ба ҷавонон такя мекунам. Агар ягон ҷавони ташаббускору масъулиятшинос ба мо муроҷиат кунад, ман тайёрам, ки вазифаи худро ба ӯ вогузор кунам, бо камоли майл».

Хонум Шаҳидӣ афзуд, он ҷавононе, ки ҳоло дар хориҷи кишвар маълумоти замонавӣ мегиранд, албатта дар зиндагӣ комёб хоҳанд шуд. Вале муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳо дар дохили Тоҷикистон комёб шаванд ва ба ҳамин васила кишварро обод кунанд.

Созмони байналмиллалии ТED зери шиори «Ғояҳое ки месазад паҳн кард» аз ҷониби ихтиёриён соли 1984 дар ИМА таъсис дода шудаааст.

Абревиатураи ТЕD аз нахустҳарфҳои се калимаи англиси «текнолоджи» технология «энтертеймент» тафреҳ ва «дизайн» тарроҳӣ гирифта шудааст. Дар ин созмон нахуст маҳз дар доираи ҳамин мавзӯъҳо маърӯзаҳо шунида мешуданд, вале баъдтар доираи мавзӯъҳо фарох шуданд.

Панҷ нафар ҷавонони тоҷик, ки аксарашон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд тасмим гирифтанд, ки дар Тоҷикистон мисли конфронси ҷаҳонии TED ки ба минбари муаррифии навтарин технология ва ғояҳо табдил шудааст, маҳфили худашонро бо номи TEDx Душанбе таъсис диҳанд.

Эмадшо Акдодшоев, яке аз аъсисдиҳандагони конфронси TEDx Душанбе мегӯяд, ҳангоми зиндагӣ дар хориҷа шахс бисётар гушна мемонад. Мешавад ҳолате, ки ҳатто барои хариди камтарин ғизо пул боқӣ намемонад, ҳафтаҳо ролтон истеъмол мекунӣ ва маҳз дар ҳамин ҳолат шахс орзуи муваффақ шуданро мекунад. Мо низ як гурӯҳ ҷавонони тоҷик дар хориҷа тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тасмим гирифтем, ки чунин як минбареро барои табодули андешаю афкори прогрессив ташкил кунем.

Эмадшо мақсади ташкили ин конфросро чунин шарҳ дод: «Бисёриҳо мегӯянд, ки мо максималистем ва ҷаҳон дар назарамон бунафшранг менамояд. Аммо мо ба қувваи худ бовар дорем. Ин минбарро барои он таъсис додем, ки нафарони дар ягон соҳа комёб, асрори мувваффақияти хешро ба ҷавонон қисса кунанд».

Дар даври нахусти ин конфронс соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон назири Зайд Саидов, Ҷамшед Раҳмонбердиев раҳбари ширкати молиявии «Сомон капитал», Шералӣ Ҷӯрабоев, муассиси ширкати «Устод Design» сухан гуфта, аз асрори муваффақияти хеш ҳикоят карданд.
XS
SM
MD
LG