Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Робитаи телефонӣ аз Хоруғ ба берун барқарор шуд


Робитаи телефонӣ аз шаҳри Хоруғ ба дигар минтақаҳо барқарор шудааст.

Ба қавли зодагони Бадахшон дар Душанбе, тақрибан соати 12.30 ба вақти маҳаллӣ пайвандони онҳо аз Хоруғ тавонистанд тариқи телефонҳои собит ё шаҳрӣ бо наздикони худ дар пойтахт сӯҳбат кунанд. Ба қавли онҳо, алоқаи мобилӣ барои муштариёни ширкати Тселл низ аз соати 3-и шаб то 9- и субҳ низ вуҷуд дошт.

Робитаи телефонӣ бо вилояти Бадахшон аз соати 4-и субҳи 24-уми июл замони шурӯъи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта қатъ шуд. Аммо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон қатъи робитаи телефонӣ бо Бадахшонро аз «мушкили навбатии фаннӣ» унвон кард.

Имрӯзҳо дар бораи Бадахшон иттилоот асосан аз манобеъи ҳукуматӣ дастрас аст. Манобеъи мустақил асосан аз телефонҳои моҳвораӣ иттилоъ пахш мекунанд, ки бо хеле мушкилӣ даст медиҳад.

Қатъи робитаи телефонӣ дар Тоҷикистон ҳангоми амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст дар водии Рашт низ таҷриба шуда буд.

Ҳудуди 300 зодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон зимни як номаи электронӣ аз Бек Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хостаанд, ки робитаи қатъшуда бо ин вилоят барқарор шавад.

Онҳо навиштаанд, азбаски бо фармони президенти Тоҷикистон оташбаси комил эълон шудааст, фаъол кардани робита бо вилоят хеле муҳим аст, зеро то ба ҳол дар бораи ҷой доштани талафоти ҷонӣ аз ҳисоби мардуми мулкӣ иттилоъ пахш шуда, мӯҷиби нигаронии зодагони Бадахшон дар саросари олам шудааст.

МУРОҶИАТИ ВАЗИРИ УМУРИ ДОХИЛӢ

Сокинони Хоруғ суханронии вазири умури дохилӣ аз тариқи телевизиони маҳаллӣ дар шоми ҷумъаро ҳамчун поён амалиёти низомӣ қабул карданд.

Мардум бовар доранд, ки ҳамакнун қазия ба дасти нерӯҳои вазорати умури дохила супурда шуда ва дар чаҳорчӯбаи қонун ҳалли худро хоҳад ёфт.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов гуфтааст, онҳое ки то рӯзи амалиёти низомӣ ҷинояте содир накардаанд ва ихтиёран силоҳи худро месупоранд, аз ҳар гуна ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.

Дар ҳамин ҳол, Хоруғ - маркази маъмурии вилояти Бадахшон нахустин шаби бетирпарониро пас аз оғози амалиёти шаби 24-уми июл паси сар кард.

Манбаи Озодӣ" дар Хоруғ мегӯяд, имрӯз шанбеи 28-уми июл вазъ дар шаҳр ором аст. Мардум ба кори рӯзмарра машғул ҳастанд, аммо ҳанӯз аз эҳтимоли рӯх додани ҳар гуна дасиса нигарон мебошанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ дар масъалаи рафтуомади нақлиёт маҳдудият ба назар намерасад ва шуморе аз савдогарон дар бозорҳо ба фурӯш машғул ҳастанд.

Баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон дар рӯзи 21 июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 24 июл амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот ҳамчунин 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG