Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи чархболҳои Сурия ба шаҳри Ҳалаб


Мухолифони давлати Сурия мегӯянд, чархболҳои артиш рӯзи ҷумъа ба чандин шаҳрак дар Ҳалаб, дуввумин шаҳри бузурги Сурия ҳамла карданд. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои ҳукуматӣ аз рӯзи панҷшанбе дар атрофи ин шаҳр ҷамъ шуда ва барои ҳамлаи бузург алайҳи шӯришиён дар шаҳр омодагӣ мегирифтанд. Аз бими ин ҳамла, баъзе аз сокинони шаҳракҳои ҷанубуғарбии Ҳалаб аз хонаҳояшон мегурезанд. Рӯзи ҷумъа дар саросари Сурия тақрибан 30 нафар кушта шудаанд. Навӣ Пиллай, маъсули умури ҳуқуқи башари Созмони Милал аз гузоришҳои таъйидношуда дар бораи қатлҳои худсарона ва ҳадаф гирифтани ғайринизомиён зимни даргириҳо ибрози нигаронии амиқ кард.
XS
SM
MD
LG