Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Илолов: "Мусаллаҳони Хоруғ абзори хориҷиён шудаанд"


Мамадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Миллӣ, мегӯяд, мумкин аст, шумораи афроди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ ба 100 то 150 нафар бирасад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳҳо аслиҳаву муҳимотро аз Афғонистон дарёфт кардаанд ва ба қавли ӯ пуштибони хориҷӣ ҳам доранд: “Чӣ хеле гӯем, инҳо коминал бесоҳиб нестанд, ки фақат худашон бошанд. Ба фикрам маблағгузорӣ мешаванд. Инҳоро албатта ба хотири ноамн кардани Тоҷикистон истифода бурданд ва истифода бурда истодаанд.” Маҳмадшо Илолов ба ҳеҷ кишваре ишора накард. Ӯ афзуд гуфт, музокироташ бо ин гурӯҳҳо барои супурдани муттаҳамон ба қатли Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Давлати Амнияти Миллӣ дар Бадахшон натиҷа надодааст ва онҳо аз супурдани ин муттаҳамон сарпечӣ кардаанд. Баъди қатли генерал Назаров дар рӯзи 21 июл, маъмурони амниятии Тоҷикистон рӯзи 23 июл амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ карданд, ки дар натиҷаи он 42 нафар, аз ҷумла, 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳ ва 12 нафар аз маъмурони амниятӣ кушта шуданд ва 23 тани дигарашон захм бардоштанд.
XS
SM
MD
LG