Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Повороти аэропорт" - танҳо умеди дарёфти иттилоъ аз вазъи Хоруғ


"Терминали Бадахшон" дар шаҳри Душанбе.
"Терминали Бадахшон" дар шаҳри Душанбе.

Мардуми бадахшонии муқими Душанбе истгоҳи «Повороти аэропорт» -ро танҳо умеди дарёфти иттилоъ аз вазъияти ахир дар Бадахшон медонанд.

Истгоҳи «Повороти аэропорт», маконест, ки ронандагони мошинҳои тамғаи «ҶИП» тайи чанд соли ахир мусофиронро аз Душанбе ба Бадахшон ва аз ин вилояти кӯҳистонӣ ба маркази пойтахти Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Аз чор рӯзи пеш, ба дунболи баргузории амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта дар шаҳри Хоруғ, иртиботи телефонӣ бо вилояти Бадахшон қатъ шуда ва мардум, ба хусус бадахшониёни муқими Душанбе ҳеҷ иттилое аз хешу пайвандони худ надоранд. Ин аст, ки муддати чанд рӯзи ахир теъдоде аз бадахшониёни Душанбе ба истгоҳи «Повороти аэропорт» меоянд, то аз вазъият дар Бадахшон огаҳ шаванд.

Мустафо, ҷавони бадахшие аст, ки тоза яке аз Донишгоҳҳои маркази Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай мегӯяд, як сол боз зодгоҳашро надидааст ва хеле падару модарашро пазмон шудааст. Вай гуфт, чанд рӯз боз инҷо меояд, то аз вазъият дар Бадахшон огоҳ шавад: «Як сол шуд, ман дар Душанбеам. Имсоли донишгоҳро хатм кардам. Инҷо ба он мақсад омадам, ки бифаҳмам, ки вазъият дар Помир чи гуна аст. Чун роҳ маҳкам буд, рафта натавонистам,ҳамин ки роҳ кушода шуд, ҳатман ба зодгоҳам меравам.»

Аммо Назарбегим Марамбекова, як сокини бадахшонии шаҳри Душанбе бо дидаи гирён гуфт, ки тайи ин рӯзҳо аз беиттилоӣ дилаш реш шуда ва танҳо умедаш ин истгоҳ шудааст, то битавонад хабари дақиқе аз вазъият дар Хоруғ ба даст орад. Зеро ба гуфтаи вай, аз тариқи расонаҳои хориҷӣ ахбори мухталиф мешунавад ва дар миёни мардум низ овозаҳо дар бораи вазъият зиёд ҳастанд: «Апаву хоҳарҳо ва ҷиняҳоям дар Хоруғ ҳастанд. Набуди алоқа барои мо мушкил эҷод кардааст. Аз интернет фаҳмидем, ки хат бурида шуда ва то ҳол онро пайваст накарданд. Почта меравед, он ҷо низ алоқа нест. Ман худам бемории гипертоника ҳастам. Рӯзе ду ва се бор мошини «ёрии таъчилӣ омада сӯзандору мегузаронад. Охир, мо вақте надонем, ки хешу таборамон чӣ ҳол доранд, пас чӣ гуна зиндагӣ кунем. Вақте алоқаро барқарор карданд, мо хотирамон ҷамъ мешавад, чун аз сиҳату саломат будани хешу таборонамон огоҳ мешавем».

Ин аст, ки Назарбегим Марамбекова, аз номи бадахшониёни шаҳри Душанбе хоҳиш дорад, то ҳукумат ҳар чӣ зудтар иртибот бо Бадахшонро барқарор кунанд, то онҳо тавонанд, аз ҳолу аҳволи хешу пайвандонашон огоҳ шаванд.

"Повороти аэропорт" танҳо умеди дарёфти хабар аз вазъи Хоруғ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00
Линки мустақим

Ин ҳам дар ҳолест, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи гузашта мушкили фанниро сабаби қатъи иртиботот бо Бадахшон арзёбӣ кард ва Бег Зуҳуров, раиси ин ниҳод гуфт, ки «як тир тамоми алоқаро бо Бадахшон қатъ кард».

Вай гуфт, ки мутахассисони Хадамоти алоқа дар маҳал фаъолият доранд ва рӯзҳои наздик алоқа бо Бадахшон барқарор хоҳад шуд. Аммо бо ин ҳам бо гузашти чаҳор рӯз ҳеҷ гуна иртиботи телефонӣ бо Бадахшон вуҷуд надорад.

Рафту омад миёни Душанбе ва Хоруғ барқарор шудааст

Дар ҳамин ҳол бо гузашти се рӯз ронандагони мошинҳои мусофирбар аз Хоруғ ба маркази шаҳри Душанбе расиданд ва аз пойтахт низ ба маркази вилояти Бадахшон се мошин ҳаракат кардааст. Ҳамин тариқ то нимаи аввали рӯзи ҷумъа чаҳор мошини «таксӣ» аз Бадахшон ба Душанбе расида ва пойтахт ба ин вилоят се мошин ҳаракат карданд.

Салом Шарифов, сокини шаҳри Душанбе, муддати як ҳафтаи пеш ба Бадахшон бо кори хидматӣ сафар карда ва дирӯз аз шаҳри Хоруғ берун шудааст, мегӯяд, «рӯзи гузашта, ки мо аз Хоруғ омадем, вазъ ором буд. Албатта низомиён ҳам дар шаҳр ва ҳам дар беруни шаҳр буданд, тафтиш карданд. Ба кӯчаи марказии шаҳр гузаштан мушкил аст, чун роҳҳо вайрону барикадаҳо гузошта шудааст».

Чанд тан аз ронандагони мошинҳои самти Бадахшон низ гуфтанд, ки ҳангоме аз Хоруғ берун шуданд, вазъ ором будааст ва дар роҳи сафар низ мушкиле надоштанд. Ба ҷузъ постгоҳҳое, ки маъмурони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ онҳоро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Аммо Мустафо, ҷавоне, ки донишгоҳро хатм кардаву мехоҳад ба шаҳри Хоруғ баргардад, кушода шудани роҳҳо ва ҳаракати мошинҳои ба истилоҳ «таксӣ»-ро беҳтарин хушхабар барои худ медонад.

Бо он, ки вазъ ноором аст, аммо вай мегӯяд, ба Хоруғ хоҳад рафт, то падару модар ва аҳли хонаводаашонро бубинад, чун хеле пазмони онҳо шудааст.
XS
SM
MD
LG