Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 27-уми июл, дар Варзишгоҳи олимпии Лондон маросими кушоиши Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ баргузор мешавад.

Ин маросим соати 21:00 (27-уми июл) ба вақти Лондон ва соати 01:00 (28-уми июл) ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад. Маросими кушоиши Бозиҳо бо номи “Ҷазираи аҷоибот” дар бораи таърихи Инглистон нақл мекунад. Ба ғайр аз ҳунарпешагон, ба ин шоу бузу гӯсфандон, гову аспҳо, мурғу мурғобиҳо ва сагҳо ҷалб шудаанд.

Маросими кушоиши Олимпиадаро дар варзишгоҳ 80 ҳазор кас тамошо хоҳад кард. Ин маросимро тавассути телевизион тақрибан як миллиард одамон тамошо мекунанд.

Дар Олимпиадаи Лондон, ки аз 27-уми июл то 12-уми август дар пойтахти Бритониёи Кабир баргузор мешавад, ширкати зиёда аз 12 ҳазор варзишгари беш аз 200 кишвар дар назар аст. Онҳо барои 302 маҷмӯи медалҳо дар 31 риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард.

Лондон ягона шаҳрест, ки барои бори севум мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ мешавад. Аз ин пеш Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон солҳои 1908-ум ва 1948-ум баргузор шуда буданд.

Варзишгарони тоҷик бошанд, дар Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар аз соли 1996 ширкат меварзанд ва ин дафъа барои бори панҷум аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарон намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар Олимпиадаи Лондон-2012 шонздаҳ варзишгари Тоҷикистон дар 7 ришта ширкат мекунанд: чаҳор нафар дар риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, чаҳор нафар дар намуди гуштии озод - Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо - Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквондо - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба тирандозӣ – Сергей Бабиков ва 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова.

Ба ғайр аз гуштигирон Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, ки авоили моҳи август озими Лондон мешаванд, 12 варзишгари дигари тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо ширкат меварзанд. Дар ин маросим Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.

Бояд гуфт, ки 6 нафар - Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев , Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Дилшод Назаров ва Катерина Измайлова дар Олимпиадаи пешин дар Пекин иштирок карда буданд. Юсуф дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кг бо медали нуқра ва Русул дар сабқати дзюдо дар вазни то 73 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд. Бояд тазаккур дод, ки Расул Боқиев ба Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин медали олимпӣ овардааст.

Бар асоси тақвими мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ нахуст рӯзи 28-уми июл соати 16 ба вақти Душанбе Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.

Инчунин рӯзи шанбе муштзани тоҷик – Собирҷон Назаров дар риштаи бокс дар даври 1/16-ниҳоӣ иштирок мекунад. Рақобати Собирҷон дар вазни то 75 кг соати 19:00 оғоз меёбад. Рақиби ӯ Мужанҷие Касуто (Намибия) мебошад.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

28-уми июл
Тирандозӣ. 16.00. Сергей Бабиков (туфангча, 10 м, сабқати интихобӣ).
Бокс. 19.00. Собирҷон Назаров (то 75 кг, 1/16 финал).

30-юми июл
Дзюдо. 13.30. Расул Боқиев (то 73 кг, 1/4 финал).
Бокс. 18.45. Ҷаҳон Қурбонов (то 81 кг, 1/16 финал).

1-уми август
Дзюдо. 13.30. Парвиз Собиров (то 90 кг).
Бокс. 17.30. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/8 финал).

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 18.30. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои барандаи медали тилло 300 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба ғайр аз манзилҳои дуҳуҷраӣ, инчунин, унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” дода мешавад. Ба варзишгарони пойтахти кишвар, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукфотпулӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, 35 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон эълом кард, ки барои варзишгарони тоҷик - ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 манзили дуҳуҷрагӣ медиҳад.

Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Ориёнбонк” ба барандагони нишонҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ваъдаи навъҳои мухталифи мошини “Лексус” кардааст.

Дар Олимпиадаи Лондон дастаи мизбон – Бритониёи Кабир бо шумули аз ҳама бештар – 556 варзишгар ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 536 варзишгар шомиланд. Русияро 443 варзишгар ва Чинро 382 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ – Украина 238, Беларус 172, Қазоқистон 115, Литва 63, Узбакистон 54, Озарбойҷон 53, Латвия 46, Гурҷистон 35, Эстония 35, Арманистон 25, Молдова 23, Қирғизистон 14 ва Туркманистон 10 варзишгар дохиланд.

Дар Олимпиадаи Лондон, инчунин, Туркияро 114, Эронро 53, Муғулистонро 29, Покистонро 23 ва Афғонистонро 6 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ҳамагӣ варзишгарони 88 кишвар соҳибони медалҳо шудаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ дар ҷойи 65-ум ва аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷойи 56-ум қарор гирифта буд.

Дар Бозиҳои пешин дар Пекин дастаи мунтахаби Чин бо 100 медал – 51 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ аз рӯи сифати медалҳо мақоми аввалро касб кардааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз рӯи шумораи умумии медалҳо бо касби 110 медал – 36 тилло, 38 нуқра ва 36 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон бо касби 13 медал (2+4+7) пешқадам шуд. Узбакистон бо касби 6 медал (1+2+3) дувум, Қирғизистону Тоҷикистон бо натоиҷи якхела – 2 медал (1 нуқра ва 1 биринҷӣ) севум шуданд.

Вале Туркманистон, ки тайи 20 соли истиқлолаш ягон нишони олимпӣ надорад, имсол низ барои пирӯзӣ дар Лондон ба олимпичиёнаш чизе ваъда накардааст.

Қазоқистон барои медали тилло 250 000, нуқра 150 000 ва медали биринҷӣ 75 000 доллар, Узбакистон барои медали тилло 100 000, нишони нуқра 75 000 ва медали биринҷӣ 50 000 доллар, Қирғизистон барои нишони тилло 200 000, нуқра 150 000 ва нишони биринҷӣ 100 000 доллар ваъда кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG