Пайвандҳои дастрасӣ

Tax Justice Network - як муассисаи мустақили бритониёӣ мегӯяд, сарватмандони ҷаҳон дар минтақаҳои офшшорӣ 21 триллион долларро пинҳон кардаанд.

Ин маблағ ҳатто бештар аз тавлидоти нохолиси миллии Амрико, бузургтарин иқтисоди ҷаҳон аст. На танҳо тоҷирони кишварҳои сарватманд, балки соҳибкорону мақомоти расмии кишварҳои фақир низ ба хотири суди бештар ва напардохтани молиёт дар кишвари худ миллионҳои худро дар минтақаҳои оффшорӣ нигаҳ медоштаанд. Ба гуфтаи муаллифони гузориши Tax Justice Network, баъзе аз миллионерҳои тоҷик низ пулҳои худро дар минтақаҳои оффшор пинҳон мекардаанд.

"Оффшор", яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд.

Агар тахминҳои Tax Justice Network, Муассисаи пардохти одилонаи молиёт дуруст бошад, пас Тоҷикистон худаш қодир аст, нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бе гардан каҷ кардан назди сармоягузорони хориҷӣ бисозаду кишварро гулгулшукуфон кунад. Ба тахмини Tax Justice Network, аз Тоҷикистон то соли гузашта 2 миллиарду 300 миллион доллар ба минтақаҳои оффшорӣ рафтааст, ки баробари 82 дар сади ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар аст, ки то соли 2011 тақрибан 3 миллиард долларро ташкил медод.

Яке аз муаллифони асосии гузориш Ҷеймс Ҳенрӣ, иқтисоддони аршади собиқ дар муассисаи бузурги машваратии ҷаҳон “McKinsey and Company” ба Радиои Озодӣ гуфт, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пинҳон кардани пул аз Тоҷикистон камӣ надоранд: “Дар маҷмӯъ маблағҳое, ки аз баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаҳои оффшор пинҳон карда шудаанд, дар воқеъ бисёр бузург аст.“

Ба гуфтаи муаллифон, аз ҷумла сарватмандони Қазоқистон дар минтақаҳои оффшорӣ бештар аз 126 миллиард доллар ва аз Узбакистон тақрибан 21, 5 миллиард доллар пинҳон кардаанд. Қирғизистон сарватмандони зиёде надоштааст, ки дар минтақаҳои оффшорӣ танҳо 638 миллион доллар аз ин кишварро ёфтаанд. Ва тақрибан 2 миллиарду 300 миллиони сарватмандони Туркманистони саршор аз захираҳои нафту газ низ дар минтақаҳои оффшор хобидааст. Ба гуфтаи муаллифонаш ин рақамҳо бар асоси иттилоъоту омори Бонки Ҷаҳонӣ ба даст омадааст, вале номи ширкатҳову тоҷирони соҳиби ин маблағҳо бурда намешавад.

Аммо бино ба гузоришҳо ширкати “Талко Лимитед Менеҷмент”, ҳамкори оффшории "Талко", корхонаи давлатии тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон дар ҷазираҳои Виргинияи Бритониё сабти ном шудааст. Агарчӣ "Талко" дар куҷо сабт шудани ширкатро ошкор накардааст, аммо мегӯяд: “Шарики оффшории Ширкати Алюминийи Тоҷик активҳои асосии худро дар бонкҳои Тоҷикистон, дар навбати аввал, ба мақсади таъмини низоми молиявии давлати худ бо асъор нигоҳ медорад”.

Аммо Сандуқи Байналмилалии Пул ду сол пеш дар як гузорише гуфта буд, ки “бахши бузурги суди ҳосилшуда аз тавлиди алюминиум дар Тоҷикистон ба минтақаҳои оффшор рафта ва аз он молиёт ба буҷаи Тоҷикистон пардохта нашудааст. Ширкати IRS ва ё “Иноввейтив Роуд Солюшн”, ки масъули нигаҳдории роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ аст, аз ширкатҳои дигарест, ки он ҳам дар ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабти ном шудааст ва инро пинҳон намедорад. Дар Бонки Миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи вуҷуди чунин маблағ дар минтақаҳои оффшор иттилоъ надоранд ва баъди дидани гузориш масъаларо шарҳ хоҳанд дод.

Аммо Баҳром Шарипов– узви Шӯрои директорони Ассосиатсияи ташкилотҳои хурди маблағгузории Тоҷикистон мегӯяд, бовар надорад, ки аз Тоҷикистон ба ин ҳад маблағи зиёдро берун бурда бошанд: “Ба назари ман агар Тоҷикистон ин қадар маблағҳои калон медошт, Сандуқи Байналмилалии Пул ва дигар дар кишвар маблағгузории калон намекарданд. Мегуфтанд, ки ҳамон пулҳоятонро гирифта истифода баред.“

Аммо манбаъи дигаре дар як бонки тиҷоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мумкин аст аз 200 то 300 миллион доллари “тоҷикӣ” дар минтақаҳои оффшор пинҳон шуда бошад. Имтиёзҳои минтақаҳои оффшорӣ ин аст, ки молиёти кам меситонанд ва ба касе иҷоза намедиҳанд, ба ҳисоби шумо чашм андозад. Ба хотири ҳамин имтиёзҳо ва ҳам бинобар ҳаҷми молиёти зиёд дар як кишвар сарватмандон пули худро дар бонкҳои дохилӣ намегузоранд ва пули худро дар бонкҳои минтақаҳои офшшор мерезанд. Аммо парҳези сарватмандон аз бонкҳои дохилӣ барои кишварҳои фақир мисли Тоҷикистон бисёр гарон меафтад.

John Christensen, мудири котиботи байналмилалии Tax Justice Network мегӯяд: “Натиҷа ин аст, ки ба буҷаи Тоҷикистон маблағи зиёде ворид намешавад, зеро аз он маблағҳо молиёт намепардозанд. Мардуми оддӣ бояд пули бештар бипардозанд, то он норасоиро ҷуброн кунанд. Мардуми сарватманд андоз намесупоранд, мардуми дигар бояд молиёти бештар пардозанд ва дар натиҷа хадамоти умумӣ хисорот мебинад. Дигар ин, ки пинҳон кардани маблағҳо дар минтақаҳои оффшорӣ, сабаби нобаробарии иҷтимоии бештар ва рушди кунди иқтисодӣ мешавад. “

Бузургтарин манотиқи оффшорӣ ба гуфтаи Ҷон Кристинсен, Швейтсария, Люксембург, Бритониё, Амрико, Сингапур ҳастанд ва дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 манотиқи оффшорӣ вуҷуд доранд, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кӯмак мекунанд, бо фиребгарӣ аз пардохти молиёт сар печанд. Дар арзёбии вазорати умури хориҷии Амрико аз фазои сармоягузории Тоҷикистон, ки моҳе пеш нашр шудааст, гуфта мешавад, раҳбарони Тоҷикистон ва хонаводаҳои онҳо ширкатҳои бузургеро зери даст доранд, ки ба хотири насупурдани молиёт онҳоро дар минтақаҳои оффшорӣ сабти ном кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG