Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии Амрико аз амалиёти артиши Сурия дар Ҳалаб


Амрико гуфт, зоҳиран нирӯҳои содиқ ба раҳбари Сурия Башор Асад ба куштори омм дар Ҳалаб “омодагӣ мебинанд.” Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, гузоришҳои мӯътамад дар бораи корвони тонкҳои роҳии Ҳалаб якҷо бо ҳамлаҳои ҳавоӣ баёнгари ташдиди ҷиддии талошҳои режим ба саркӯбии чирикиҳоест, ки 16 моҳ боз алайҳи режими Асад ба по хестаанд. Чирикиҳои Ҳалаб, бино ба хабарҳо, барои рафъи ҳамлаи артиш ба захира кардани муҳимоту доруву даво пардохтаанд. Ба гуфтаи фаъолон, дирӯз дар ин пойтахти тиҷории Сурия, ки 2 миллион ҷамъият дорад, беш аз 30 нафар дар натиҷаи оташи тӯпхонаҳо ва ҳамалоти чархболҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG