Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон масири НАТО-ро муваққатан баст


Покистон дирӯз масири таъмини нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро, ки аз манотиқи ошӯбзадаи шимоли Покистон мегузарад, ба далоили амниятӣ муваққатан баст. Мақомоти вилояти қабиланишини Хайбар мегӯянд, убури мошинҳо аз гузаргоҳи Торхам мутаваққиф шудааст. Ба гуфтаи мақомот, онҳо иттилоъ гирифтаанд, ки шояд алайҳи корвони мошинҳо ҳамлаи маргталабона сурат бигирад. Ҷангиёни толиб ду рӯз қабл ба як корвони мошинҳои НАТО дар наздикии шаҳри Ҷомрӯд ҳамла бурда, як ронандаро куштанд. Покистон масири таъмини нирӯҳои эътилофро баъди қариб ним соли тавқиф рӯзи 2 июл боз кард.
XS
SM
MD
LG