Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифин дар Маскав


Дирӯз садҳо тан аз мухолифини Русия дар маркази Маскав бо талаби раҳоии фаъолоне, ки моҳи май дар пайи эътирозҳои арафаи расми адои савганди севуми раёсатҷумҳурии Владимир Путин боздошт шудаанд, тазоҳурот карданд. Бархе шиор мезаданд, ки “Русия – бидуни Путин!” Дар иртикоби эътирозҳои рӯзи 6 май, ки ба даргирӣ бо нирӯҳои пулис печид, дастикам 14 нафар ба масъулият кашонда шуда, 12 тани онҳо дар боздошт қарор доранд. Пулис мегӯяд, дар эътирози дирӯза то 500 нафар ширкат дошт. Сомонаҳои мухолифин шумори тазоҳургаронро то 3000 тан мегӯянд.
XS
SM
MD
LG