Пайвандҳои дастрасӣ

Вилояти Бадахшон аз чаҳор рӯз ба ин тараф дар инзивои иттилоотӣ қарор гирифтааст.

Мавҷуда Соҳибназарова шанбеи гузашта писари худро ба Бадахшон ба назди волидонаш фиристод. Сар аз рӯзи сешанбе ӯ дар бораи бачааш хеҷ хабаре надорад. Бинобар шурӯъи амалиёти низомӣ фаъолияти ширкатҳои мобилӣ, интернет ва равуоӣ мошинҳо ба Бадахшон масдуд шудааст. Ҳоло ягона дилгармии Мавҷуда хабаргузориҳо ва шабакаҳои иҷтимоист.

Амалиёти махсуси нерӯҳои амниятии ҳукумати Тоҷикистон дар Бадахшони кӯҳӣ соати сеи субҳи сешанбе оғоз шуд. Соате пеш аз он робитаи телефонҳои мобил ва интернет дар минтақа комилан қатъ карда шуд. Ҳоло аз он минтақа танҳо онҳое бо манотиқи дигари кишвар дар тамос мешаванд, ки ба телефонҳои моҳвораӣ ва ё симкартаи ширкатҳои мобилии Афғонистон дастрасӣ доранд. Низомиён мегӯянд, инзивои мухобиротӣ ба тадобире шомил мешаванд, ки ҳукумат дар ҷараёни амалиётҳои амниятӣ ба кор мебарад. Аммо коршиносон мегӯянд, ин гуна тадобир халои иттилоотӣ ва чархиши иттилоотӣ ғалат ва овозаҳои пурваҳму ҳаросро ба миён меорад.


Ҳоло шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба пойгоҳи аслии пахши хабару назарҳо дар бораи ҳаводиси Бадахшон табдил шудааст. Мардум дар ин пойгоҳ ба гурӯҳҳои зидди амалиёти амниятӣ дар Бадахшон тақсим мешаванд, хабари худро пахш мекунанд ва дар бораи таҳаввулоти ахир назар медиҳанд. Тасмими баргузор кардани амалиёти эътирозӣ дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои мухталиф низ дар Фейсбук гирифта мешавад. Ҳамзамон бо ин фаъолияти пахшкунандаҳои хабарҳои ғалат ва таҳрикдиҳандагони корбарон низ дар ин шабака бештар шудааст. Онҳо мардумро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи мухолифи ҳукумат даъват мекунанд ва хабару наворҳо пахш мекунанд.

Рӯзи чаҳоршанбе дар назди намояндаҳои дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, Бишкек ва Нъю Йорк, бо талаби барқарор кардани робитаи телефонӣ бо Бадахшон намоишҳои эътирозӣ, баргузор шуданд. Бо чунин талаб худи Тоҷикистон низ ба Вазорати мухобирот муроҷиат шудааст. Коршиносон мегӯянд, набудани мухобирот бо Бадахшон вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистонро печидатар мекунад. Овозаҳо дар байни мардум табдил ба як силоҳи хатарнок шудааст, ки рақибони Тоҷикистон барои баҳамзадани авзо дар кишвар аз он истифода хоҳанд кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG