Пайвандҳои дастрасӣ

Равшан Собиров аз боздошт раҳо шуд, вале дар ҳабси хонагист


Рашан Собиров

Рашан Собиров

Имрӯз додгоҳи шаҳри Бишкек тасмим гирифт, ки Равшан Собиров-вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистон бо замонати шаш узви парлумони ин кишвар аз боздошт раҳо мешавад. Додгоҳи шаҳри Бишкек гуфтааст, ки Равшан Собиров метавонад аз толори додгоҳ раҳо шавад ва дар ҷараёни расидагӣ ба иттимоти ворида, яъне ришвахорӣ дар манзилаш дар ҳабси хонагӣ ба сар барад.

Додгоҳи шаҳри Бишкек бар асоси муроҷиати вакили мудофеи Равшан Собиров ҳукми додгоҳи зинаи поёниро дар бораи нигаҳдошти вай дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон лағв кард.

Равшан Собиров ҳангоми берун омадан аз толори додгоҳ ба хабарнигорон гуфт, ки вай бегуноҳ аст ва ҳеҷ гоҳ ришва нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG