Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия телевизиони исломӣ боз мекунад


Русия тасмим гирифтааст, ки моҳи август як шабакаи телевизионии исломиро ба кор андозад. Дамир Муҳиддинов-муовини раиси раёсати исломии Русия барои минтақаҳои аврупоии ин кишвар рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ин шаъбакаи телевизионӣ бо номи Al-TV ба забони русӣ роҷеъ ба кору зиндагии мусулмонони сокини Русия ва роҷеъ ба ислом барномаҳо пахш мекунад.

Рӯҳониёни ҷонибдори сиёсати Кохи Кремл фаъолияти ин шабакаро зери назорат хоҳанд дошт. Тасмими гушоиши ин шабакаи телевизионӣ баъд аз як ҳафтаи ҷароҳат бардоштани Илдус Файзов-муфтии ҷумҳурии Тотористон эълон шуд. Вай дар шаҳри Қазон баъд аз инфиҷори мошини бамгузоришуда ҷароҳат бардошт.
XS
SM
MD
LG