Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон - нахустин рақиби Тоҷикистон дар сабқати интихобии Осиё


Тақвими бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии футболи Осиё миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи «В» тасдиқ шуд.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) таҳти раҳбарии Сулаймон Бобокалонов барои ба даст овардани роҳхат ба даври дувуми интихобии мусобиқот 18-уми октябр ба рақобат шурӯъ хоҳад кард. Дар ин рӯз футболбоздухтарони тоҷик дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон бо тими мунтахаби Эрон бозӣ мекунанд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувум 20-уми октябр бо дастаи мизбон - Урдун қувва меозмояд. Бозии охирини Тоҷикистон 22-юми октябр бо тими Фаластин баргузор хоҳад шуд.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври дувуми мусобиқот, ки аз 1-ум то 9-уми декабр дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳ меёбад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни духтарони то 19-сола

Даври аввали интихобӣ. Гурӯҳи «В»


Даври 1-ум. 18-уми октябр, панҷшанбе
14.00 – Эрон – Тоҷикистон
18.00 – Урдун – Фаластин
Даври 2-юм. 20-уми октябр, шанбе
14.00 – Фаластин – Эрон
18.00 – Тоҷикистон – Урдун
Даври 3-юм. 22-юми октябр, душанбе
14.00 – Тоҷикистон – Фаластин
18.00 – Урдун – Эрон
XS
SM
MD
LG