Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳони хориҷӣ аз Афғонистон ба Ишкошим гузаштанд


Ду рӯзноманигори қирғиз ва 60 сайёҳи хориҷӣ баъд аз се шабонарӯзи таваққуф дар Ишкошими Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон ба қаламрави Тоҷикистон иҷоза дода шудаанд. Ба сабаи даргириҳои рӯзи 24 июл дар Хоруғ марзбонони Тоҷикистон онҳоро аз вуруд ба Тоҷикистон боз дошта буданд.

Улуғбек Бобоқулов-яке аз рӯзноманигорони қирғиз ба нашрияи K-News-и Қирғизистон гуфтааст, ки онҳо ба шаҳраки Ишкошими Тоҷикистон расидаанд ва мехоҳанд аз роҳи ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон вориди қаламрави Қирғизистон шаванд.
XS
SM
MD
LG