Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони интизомии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гумонбар ба содири ҷинояти пурсару садои қатли се сокини ин маҳалро дастгир кардаанд.

Фирӯз Боқӣ, сухангӯи идораи корҳои дохилии Суғд гуфт, ки ин шахс субҳи 26 – уми июл боздошт шуда, сокини ҳамин вилоят буда, ба далели сирри тафтишотӣ ҳоло аз вай ном бурда намешавад.
Вай афзуд, шоми 18 – уми июл дар манзили воқеъ дар суроғаи Хуҷанд, 66-и шаҳраки Ғафуров соҳибхона – Абдусалом Сайфудинови 66 сола ва ду иҷоранишин: Мақсуд Тӯйчиев (47 сола) ва Илдар Симашев (37 сола) аз захми табари қотиле кушта шуданд. Мақсуд Тӯйчиев ва Илдар Симашев бекор буда, аз роҳи мардикорӣ рӯзӣ ба даст меовардаанд. Тӯйчиев қаблан се маротиба барои содири ҷиноятҳои «қаллобӣ» ва «авбошӣ» зиндонӣ шудааст. Азбаски соҳиби хона танҳо мезистааст ҷасадҳоро рӯзи 23 – юми июл Тухтаҷон Сайфидинова, хоҳари Сайфудинов ошкор карда, ба милиса хабар додааст.

Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бораи ин ҳодиса мутобиқи банди 104 – «Одамкушӣ»- и қонуни ҷиноии Тоҷикистон парванда боз кардааст. Вале то кунун мақомоти тафтишотӣ сабаб ва ё фарзияи қатли се шаҳрвандро баён надоштааст.

Субҳи рӯзи 26 – уми июл, дари манзили Сайфудинов бо коғази муҳрноки милиса баста ва назди он хонум – Сайфидиноваю чанд нафари дигар пайвандони марҳум ҳузур доштанд.

Тухтаҷон Сайфидинова гуфт, ки бо хабари ҳамсояҳо, ки дарвозаи манзили бародараш кушода аст, омада, ҷасадҳоро болои катҳои рӯи ҳавлӣ дидааст. Ба гуфтаи вай, чизу чораи утоқҳои манзили бародараш низ парешон буд, мисли он ки касе онҳоро кофтуков карда бошад. Хонум Сайфидинова афзуд, бародараш танҳо мезист, ҳамсараш вафот кардаву духтарашро ба шавҳар дода, ягона писараш ҳам замони рухдоди куштор дар Исфара кор мекардааст.

Абдусалом Сайфидинов ба мардикорони маҳаллӣ ҷойхоби иҷора медод ва ба гуфтаи хоҳараш, бо касе душманиву хусумат надошт. Вале писар ва духтари Сайфидинов, ки низ назди манзили падари худ ҷиҳати бозпурсии милиса ҳозир шуда буданд, дар ҳоли шок қарор доштанд ва ҳозир нашуданд сухан гӯянд.

Куштори ваҳшиёнаи се нафар, сокинони Суғдро башиддат нигарон карда буд. Ҳамсояҳои марҳум гуфтанд, ки ин ҳодисаи даҳшатнок онҳоро аз бехатарии худ хавотир кардааст. Онҳо мунтазири эълони боздошти қотил ва сабаби ин ҷинояти ваҳшатнок ҳастанд.
XS
SM
MD
LG