Пайвандҳои дастрасӣ

Музокира барои таслими ҷинояткорон дар Рӯшон идома дорад


Як манбаи муътамад дар Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки қатъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ба маънои қатъи пурраи ин амалиёт нест. Вай гуфт, ки ду руз пеш аз роҳи заминӣ баъзе воҳидҳои Горди миллӣ, Вазоратҳои корҳои дохила ва амният ба Хоруғ фиристода шуд.

Ин манбаъ мегӯяд, то замони боздошт ва ё таслими Толиб Аёмбеков ва ҳамроҳонаш амалиёт идома хоҳад кард ва вазирони тамоми ниҳодҳои қудратӣ то имрӯз дар Хоруғ ҳамчун ҳайати кумисюни давлатӣ ҷараёни амалиётро назорат доранд.

Манбаи вазортаи дохила мегӯяд, барои баррасии ултиматуми гуруҳҳои худсари мусаллаҳ музокира идома дорад. Яке аз талабҳои онҳо истеъфои Қодир Қосимов -раиси вилояти Бадахшон будааст. Агар ин музокира бенатиҷа анҷом ёбад, амалиёт давом хоҳад кард.

Бо назардошти ин нукта ба сокинони шаҳри Хоруғ тибқи рӯйхати махсус иҷоза дода шудааст, ки ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд.

Ба қавли ин манбаъ ҳоло намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба ин боваранд, ки музокира натиҷаи мусбат хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG