Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳо дар Димишқ ва Алеппо идома дорад


Шӯришиён дар Алеппо

Шӯришиён дар Алеппо

Рӯзи панҷшанбе дар Димишқ ва Алеппо-ду шаҳри бузурги Сурия даргириҳо миёни нируҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён идома ёфт. Шӯришиён иддао мекунанд, ки баъд аз 6 рӯзи даргириҳо контроли нисфи шаҳри Алеппоро дар ихтиёри худ даровардаанд.

Аммо манобеи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд. Бино ба гузоришҳо, нируҳои ҳавоии ҳукумат атрофи шаҳри Алеппоро бомбборон мекунанд, то гурӯҳҳои дигари мухолифон ба даргириҳо ҳамроҳ нашаванд.

Ҷониби ҳукумат ба Алеппо нируҳои тақвиятӣ фиристодааст, то шӯришиёнро аз шаҳр берун зананд.
XS
SM
MD
LG