Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ва Туркманистон имкони тавсеаи ҳамкорӣ доранд


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо Давлатгелдӣ Содиқов-вазири молияи Туркманистон ҳамкориҳои саноатӣ ва кишоварзии ду кишварро баррасӣ карданд. Ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки миёни ин ду кишвар бояд гардиши коло афзоиш ёбад.

Соли 2011 гардиши колои миёни ду кишвар 194 миллион долларро ташкил кардааст.
Дар нимаи аввали соли оянда коршиносони ҳар ду ҷониб имкони тавсеаи ҳамкориҳоро дар нишасте баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG