Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Лондон бо мусобиқаи футболбозон шурӯъ шуд


Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон 25-уми июл бо сабқати дастаҳои мунтахаби футболи занона шурӯъ шуд.

Дар сабқати занон 12 даста дар се гурӯҳ рақобат мекунад. Натоиҷи бозиҳои даври аввал чунин аст:

гурӯҳи «Е»
Бритониёи Кабир – Зеландияи Нав – 1:0
Камерун – Бразилия – 0:5

гурӯҳи «F»
Ҷопон – Канада – 2:1
Шветсия – Африқои Ҷанубӣ – 4:1

гурӯҳи «G»
ИМА – Фаронса – 4:2
Колумбия – Кореяи Шимолӣ – 0:2

Рӯзи 26-уми июл сабқати дастаҳои мунтахаби футболи мардона баргузор мешавад. Дар сабқати мардон 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.

Дар даври аввал имрӯз дастаҳои мунтахаби кишварҳои зерин бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд:
гурӯҳи “А”
Аморати Муттаҳидаи Араб – Уругвай
Бритониёи Кабир – Сенегал

гурӯҳи “В”
Мексика – Кореяи Ҷанубӣ
Габон – Швейтсария

гурӯҳи “С”
Беларус – Зеландияи Нав
Бразилия – Миср

гурӯҳи “D”
Гондурас – Марокаш
Испания – Ҷопон

Бар асоси дастури мусобиқот миёни мардону занон аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниҳоии сабқати занон рӯзи 9-уми август ва сабқати мардон 11-уми август баргузор мешаванд.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон-2012, ки аз 27-уми июл то 12-уми август баргузор мешавад, 16 варзишгар намояндагӣ мекунанд: чаҳор нафар дар риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, чаҳор нафар дар намуди гуштии озод - Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо - Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквондо - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова ва 1 нафар оид ба тирандозӣ – Сергей Бабиков.

Дар маросими кушоиши Бозиҳо, ки 27-уми июл дар Варзишгоҳи олимпии Лондон барпо мегардад, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.

Ба ғайр аз гуштигирон Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, ки авоили моҳи август озими Лондон мешаванд, 12 варзишгари дигари тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо ширкат меварзанд.

Бар асоси тақвими мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ нахуст рӯзи 28-уми июл соати 16 ба вақти Душанбе Сергей Бабиков дар сабқати интихобӣ дар тирандозӣ аз туфангча ба масофаи 10 метр ба қувваозмоӣ шурӯъ хоҳад кард.

Инчунин рӯзи шанбе ду муштзани тоҷик – Анвар Юнусов ва Собирҷон Назаров дар риштаи бокс дар даври 1/16-ниҳоӣ иштирок мекунанд. Рақобати Анвар дар вазни то 56 кг соати 17:30 ба вақти Душанбе ва қувваозмоии Собирҷон дар вазни то 75 кг соати 19:00 оғоз меёбанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

28-уми июл
Тирандозӣ. 16.00. Сергей Бабиков (туфангча, 10 м, сабқати интихобӣ).
Бокс. 17.30. Анвар Юнусов (то 56 кг, 1/16 финал).
Бокс. 19.00. Собирҷон Назаров (то 75 кг, 1/16 финал).

30-юми июл
Дзюдо. 13.30. Расул Боқиев (то 73 кг, 1/4 финал).
Бокс. 18.45. Ҷаҳон Қурбонов (то 81 кг, 1/16 финал).

1-уми август
Дзюдо. 13.30. Парвиз Собиров (то 90 кг).

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).
Шиноварӣ. 14.00. Катерина Измайлова (50 м, тарзи озод, сабқати интихобӣ).

5-уми август
Бокс. 18.30. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/8 финал).

6-уми август
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.

Бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои барандаи медали тилло 300 ҳазор сомонӣ, медали нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар шудааст.

Бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои олимпӣ ба ғайр аз манзилҳои дуҳуҷраӣ, инчунин, унвони “Шаҳрванди ифтихории Душанбе” дода мешавад. Ба варзишгарони пойтахти кишвар, ки дар Бозиҳои олимпӣ ҷойҳои дувумро мегиранд, мукфотпулӣ ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, 35 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон эълом кард, ки барои варзишгарони тоҷик - ҷоизадорони Олимпиадаи Лондон-2012 манзили дуҳуҷрагӣ медиҳад.

Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Ориёнбонк” ба барандагони нишонҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ваъдаи навъҳои мухталифи мошини “Лексус” кардааст.
XS
SM
MD
LG