Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбони муттаҳам ҳарфашро тағйир дод


Рӯзи панҷшанбе додситонии низомии Қазоқистон таъйид кард, ки марзбон Владислав Челах ҳарфашро тағйир додааст ва ҳоло мегӯяд, ки дар куштори касе даст надорад. Рӯзи чоршанбе Тулеген Берликожанов-вакили мудофеи Челах ба хабарнигорон гуфт, ки Челах касеро накуштааст.

Челах баъди куштори 14 марзбон дар яке аз посгоҳҳои дурафтодаи мазбии Қазоқистон боздошт шуд. Моҳи гузашта мақомоти Қазоқистон эълон карда буданд, ки Челах куштори 14 марзбон дар марзи миёни Қазоқистону Чинро бар дӯш гирифтааст.
XS
SM
MD
LG