Пайвандҳои дастрасӣ

Буҳрони минтақаи евро Осиёи Марказиро низ “нишон” гирифтааст


Бонкии аврупоии бозсохт ва рушд дар арзёбии ҷадидаш гуфт, паёмадҳои манфии буҳрони минтақаи евро ба бозорҳои дар ҳоли гузор таъсир хоҳад кард.

Иқтисоддони аршади Бонки аврупоӣ Эрик Берглоф баъзе хулосаҳои гузориши рӯзи 25 июл нашршуда таҳти унвони “Дурнамои иқтисодии минтақа”-ро чунин ташреҳ кард:“Муддати тӯлониест, ки мо аз паёмадҳои буҳрони минтақаи евро барои ин қаламрав изҳори нигаронӣ доштем. Ончӣ ки ҳоло мебинем, фақат таъсири буҳрони евро ба Аврупои марказиву шарқӣ нест. Асароти ин буҳрон ба шарқтар рафта, то ба Русияву Осиёи Марказӣ мерасад. Ин аст чизе ки мояи нигаронии мо шудааст.”

Бино ба пешбинии нави ин бонк, рушди кишварҳои шӯравии собиқ имсол 2,7 дарсадро ташкил хоҳад дод, ки назар ба 3,1 фоиз пешбинии моҳи май нашркардаи Бонки аврупоӣ камтар аст.Бонки аврупоӣ пешбиниаш нисбат ба рушди иқтисодии минтақаро барои соли оянда низ ним фоиз коҳиш дода, ҳамагӣ 3,2 дарсад баровард мекунад.

Иқтисоди Русия, ки як манбаъи аслии даромади артиши якмиллионнафарии муҳоҷирини тоҷик ва табъан як манбаъи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст, имсол ҳамагӣ 3,1 дарсад рушд хоҳад дошт. Ин дар ҳолест ки Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар моҳи май суръати рушди имсолаи иқтисоди Русияро 4,2 дарсад пешбинӣ мекард.

Бонки аврупоӣ ҳушдор дод, ки «боз ҳам бадтар шудани буҳрони минтақаи евро» ҳамчунон «бузургтарин хатар барои тамоми ин минтақаи дар ҳоли гузор» боқӣ мемонад.

Аммо ин бонк мегӯяд, илати кундтар шудани суръати рушди кишварҳои пасошӯравӣ нафақат асароти буҳрони еврост, балки “ҳаводиси фавқулодда”-е, чун корпартоии коргарони кони тило дар Қирғизистон ҳам боис шуда, ки бонки аврупоӣ пешбиниаш нисбат ба мизони рушди имсолаи иқтисоди ин фақиртарин кишвари Осиёи Марказиро аз 1 фоизи моҳи май то 0,5 дарсад пойин биёрад. Суръати рушди иқтисоди Туркманистон имсол 10 дарсад ва аз Узбакистон 5 дарсад баровард шуда, Қазоқистон баъди як даҳсола рушди собити даҳфоиза имсол метавонад танҳо ба 5 фоиз рушд умед бандад.

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд дар арзёбии ҷадидаш суръати имсолаи рушди иқтисодии Тоҷикистонро бетағйир, яъне ҳамон 4 фоизи моҳи май, боқӣ гузоштааст, вале бино ба ин пешбинӣ, иқтисоди Тоҷикистон соли оянда ҳамагӣ 5 фоиз рушд хоҳад дошт, на 10 фоизе, ки ин ниҳоди молӣ дар моҳи май хушбинона пешбинӣ мекард.

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд соли 1991 маҳз ба хотири кӯмак ва сармоягузорӣ ба иқтисодҳои дар ҳоли гузори 30 кишвари собиқ коммунистӣ таъсис ёфта, қаламрави фаъолияташ аз Аврупои шарқӣ то Осиёи Марказӣ тӯл мекашад. Бонки аврупоӣ аз соли 1992 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва дар ин муддат, тавре аз маълумоти сомонаи интернетиаш бармеояд, дар ин кишвари фақир 66 тарҳ ба маблағи 355 миллион фунт стерлинг, муодили қариб 430 миллион долларро таъмини молӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG