Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози як гурӯҳи бадахшониҳо дар Ню-Йорк


Як гурӯҳи бадахшониҳо дирӯз дар рӯбарӯи қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк алайҳи амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва масдуд шудани иртиботи телефонӣ бо Бадахшон эътироз карданд. Наворе аз ин тазоҳурот дар сомонаи Ютюб нашр шудааст. Чунин эътирозҳо дирӯз дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскаву Бишкек низ доир шуд. Вазъи Хоруғ дар пайи даргириҳои хунини рӯзи сешанбе, ки ба гуфтаи мақомот, беш аз 40 кушта ба ҷо гузошт ва манобеъи дигар шумори қурбониёнашро боз ҳам бештар ҳисоб мекунанд, дирӯз дар ҷаласаи изтирории ҳукумат дар Душанбе низ баррасӣ шуда, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Бадахшон хостааст, дар амалиёти боздошти афроди, ба гуфтаи ӯ, “ҷинояткор” бо давлат ҳамкорӣ кунанд. Дирӯз дар тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Бадахшон раиси вилоят Қодири Қосим гуфт, бо амри раисиҷумҳур дар Хоруғ оташбас эълон мешавад. САҲА аз ҳалокати афроди осоишта дар Хоруғ изҳори нигаронӣ кард. Вазорати хориҷаи Русия низ дар як изҳорот аз вазъи Бадахшон изҳори ташвиш кардааст.
XS
SM
MD
LG