Пайвандҳои дастрасӣ

Боз 3 дипломат аз режими Асад рӯ гардонд


Амрико таъйид кард, ки боз ду дипломати Сурия тарки режими Башор Асад кардаанд. Зану шавҳаре, ки яке намоянда дар Имороти Араб ва дувумӣ дар Қибрис буданд, бино ба хабарҳо, ба Қатар фирор кардаанд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ фирори ин мақомҳоро аломати рӯзҳои башумори режими Асад номид. Бино ба хабарҳо, кордори низомии сафорати Сурия дар Умон низ табдили сангар кардааст. Бо ин ҳол, режим бо ҳадафи тасарруф тонку нирӯҳояшро ба Ҳалаб партофта, канорҳои ошӯбзадаи ин дувумин шаҳри бузурги Сурия таҳти оташи тӯпу мушак ва чархболҳо қарор дорад.
XS
SM
MD
LG