Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар як урдугоҳи лӯлиҳои Косово дар ҳошияи Подгоритса – пойтахти Черногория – беш аз 800 нафарро бесарпаноҳ боқӣ гузошт. Дар ин сӯхтори субҳи чоршанбе, ки иллаташ ҳанӯз рӯшан нест, касе осеб надидааст. Ба гуфтаи мақомот, боди тунд боиси тавсиъаи зуди оташ дар саросари ин урдугоҳ шудааст. Дар пайи ҷанги солҳои навадуми Югославия ҳудуди 12 000 лӯлӣ ба Черногория паноҳ овардаанд.
XS
SM
MD
LG