Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози силсиласафари хориҷии рақиби Обама


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Номзади ҷумҳурихоҳон ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико Митт Ромнӣ сафари якҳафтаинаи хориҷиашро аз Бритониё оғоз кард. Қарор аст, ӯ аз Исроилу Лаҳистон низ дидан кунад. Ромнӣ тайи 3 рӯзи оянда дар Лондон бо сарвазири Бритониё Девид Камерон мулоқот ва дар расми гушоиши Бозиҳои олимпӣ ширкат хоҳад кард. Рӯзи шанбе Ромнӣ роҳии Исроил шуда, рӯзи душанбе ба Лаҳистон хоҳад рафт. Бино ба хабарҳо, ҳадафи ин сафар дар пешорӯи интихоботи рӯзи 6 ноябр таъйид кардани эътибори Ромнӣ ба ҳайси як шахсияти ҷаҳонист. Бино ба назарсанҷиҳо, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама феълан бар Ромнӣ каме бартарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG