Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тонкҳои Сурия ба Ҳалаб наздик мешаванд


Даргириҳо дар маҳаллаи Қадами Ҳалаб
Даргириҳо дар маҳаллаи Қадами Ҳалаб
Даҳҳо тонки артиши Сурия, бино ба хабарҳо, ба Ҳалаб наздик мешаванд. Режими Башор Асад ба амалиёти густарда алайҳи чирикиҳо дар ин дувумин шаҳри бузурги Сурия омодагӣ мегирад. Набардҳои хиёбонӣ байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳо дар Ҳалаб аз рӯзи шанбе ба ин сӯ идома дорад. СММ мегӯяд, шаби гузашта 300 суриёӣ аз марзи Туркия гузашт. Мақомоти Туркия гуфтаанд, ки дарвозаҳои марзро барои паноҳҷӯён боз нигоаҳхоҳан дошт. Бо ин ҳол, Русия ба давлати Сурия гуфт, таҳдиди истифода аз силоҳҳои кимиёӣ қобили қабул нест. Димишқ рӯзи душанбе таслиҳоти кимиёӣ доштанашро эътироф кард ва гуфт, аз он метавонад на алайҳи мардумаш, балки зидди таҷовузи хориҷӣ истифода барад.
XS
SM
MD
LG