Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргириҳои Хоруғ 18 шаҳрванди осоишта кушта шудаанд


Шумораи нисбатан дақиқтари шаҳрвандони осоишта, ки дар даргириҳои Хоруғ аз силоҳи оташфишон кушта шудаанд, 18 нафар будааст. Бино бар хабарҳои расида, 2 сокини маркази шаҳр, бинобар боло рафтани фишори хун ба ҳалокат. Нимаи аввали рӯзи 26-уми июл вазъ дар Хоруғ нисбатан оромтар буд. Нирӯҳои давлатӣ мавзеъҳои худро иваз кардаанд ва дар чанд маҳалли маркази шаҳр ва кӯҳҳои атрофи он ҷое камин гирифта ва ҷое ҳам дар ҳолати дидбонии вазъанд. Дар ду рӯзи гузашта радио ва телевизион кор намекард ва барқ набуд. Рӯзи панҷшанбе ба Хоруғ барқ дода шуд ва қарор аст, телевизиони вилоят имрӯз намоишҳои худро аз сар гирад. Хабарнигорони он аз маҳалли даргириҳои дирӯза дидан кардаанд ва мегӯянд, маҳаллаҳои УПД ва Хлебзавод осеби сахт дидаанд. Дирӯз вазъи Бадахшон дар як ҷаласаи изтирории ҳукумат дар Душанбе баррасӣ шуда, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардум хостааст, дар амалиёти боздошти афроди, ба гуфтаи ӯ, “ҷинояткор” бо давлат ҳамкорӣ кунанд. Дирӯз дар тазоҳуроти эътирозӣ дар маркази Бадахшон раиси вилоят Қодири Қосим гуфт, бо амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ оташбас эълон мешавад. Дирӯз зодагони Бадахшон дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскаву Бишкек ба нишони эътироз ба амалиёти низомӣ дар Хоруғ ва масдуд шудани иртиботи телефонӣ бо Бадахшон таҷаммӯъ карданд. Ба гуфтаи мақомот, рӯзи сешанбе дар Хоруғ дастикам 42 нафар кушта шуд, вале манобеъи дигар, шумори кушташудаҳоро хеле бештар мегӯянд. САҲА аз ҳалокати афроди осоишта дар Хоруғ изҳори нигаронӣ кард. Вазорати хориҷаи Русия низ дар як изҳорот аз вазъи Бадахшон изҳори ташвиш кардааст.
XS
SM
MD
LG