Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромнӣ имрӯз бо Камерон мулоқот хоҳад кард


Имрӯз, 26 июл, парлумони Сербистон кобинаи навро интихоб мекунад. Имрӯз сарвазири Сербистон Ивиса Дасич дар Брюссел бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон мулоқот хоҳад кард. Имрӯз номзад ба президентии Амрико Митт Ромнӣ дар Лондон бо сарвазири Бритониё Девид Камерон дидор хоҳад дошт. Президенти Ветнам Труонг Тан Санг бо як сафари панҷрӯза имрӯз вориди Русия хоҳад шуд. Асқафи калисои православии рус Кирилл имрӯз сафари серӯзааш ба Украинаро шурӯъ мекунад. Имрӯз мухолифини Русия дар Маскав тазоҳуроти нави эътирозӣ доир хоҳанд кард. Ва 26 июли соли 1963 заминларза шаҳри Скопйе – пойтахти Мақдунияи кунуниро ба хок яксон кард.
XS
SM
MD
LG