Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтироъкори ҷавон ва аммо бе пуштибони тоҷик


Ин неругоҳи кӯчак нахустин кашфиёти Рустам аст, ки ҳанӯз дар соли 2009, замони 14 солагӣ сохта буд ва имкони тавлиди 9 волт неруи барқ, рӯшан кардани як чароғи диодӣ ва радиоро дорад, ки Рустам чаҳор фасли сол аз он истифода мебарад:
Рустам Алиев, сокини 17 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, мегӯяд, "Дар деҳаи мо, ки зимистон неруи барқ нест, соли 2009 ин неругоҳро сохтам, ки фақат аз чархи обиву генератор иборат буд. Дар ҷӯйбори пушти хона, насб кардам, ки кор мекунад".

Ихтироъкори ҷавон ва аммо бе пуштибони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00


Рустам тасмим дорад, ки дар рӯзҳои наздик чарха ё агрегати дуввуми неругоҳи кӯчаки худро ба кор дарорад, ки қобили тавлиди 12 волт неруи барқ аст ва имкони тамошои телевизор дар вақти бебарқӣ дар хонаводаашро фароҳам меорад.

Ин ихтирокори ҷавон бар изофаи неругоҳи кӯчаки барқи обӣ, неругоҳи хурдӣ бодӣ низ сохтааст, ки қобили тавлиди 9 волт неруи барқро дорад. Ӯ кашфиёте дигаре низ дорад, ки робот ё мошини худкори минаҷӯ ва дастгоҳи каландзании кишти пунба ном дорад ва он ихтироот қобили таваҷҷӯҳ аст. Рустам Алиев гуфт, "роботи минаҷӯ оҳан ё минаро ба воситаи мавҷҳои магнитӣ пайдо мекунад. Дар сурати пайдо кардан таваҷҷӯҳ карда садо мебарорад. Милаи ин робот дастгоҳи ишоракунанда дорад, ки ба воистаи он атрофи минаро хат мекашад ва ба воситаи пулт онро дубора ба ҳаракат медароред".

Рустам кашфиёти дигаре низ дорад, ки бо неруи офтоб кор мекунад. Дар ин дастгоҳ, радио, соат, ҳарорастсанҷ, фонарик насб шуда, ки ҳама неруро аз офтоб мегирад ва ҳамзамон захира мекунад. Аммо ӯ мегуяд, ин ҳама кашфиёти ӯ танҳо бо коғазпораҳое бо исми "ифтихорнома" ва "диплом" қадр шудааст. Ӯ дар озмунҳои телевизионӣ ширкат карда ва ғолиб омада буд, ваъдаи патент ва ё иҷозатнома барои ихтирооаташ дода буданд, аммо дар идораи патент ба ӯ маблағеро талаб карданд, ки Рустам пайдо карда наметавонад.

Ҳанифа Шарифова, модари Рустам Алиеви ихтироъкор мегӯяд, "дар як озмуне, ки бо ширкати Президенти кишвар баргузор мешуд, Рустамро бо муаллимаш даъват карданд, аммо масъулон ӯро аз даромадгоҳи "Кохи борбад", маҳалли озмун иҷозати вуруд надоданд. Ӯ хеле дилсард шуда ба хона баргашт ва тамоми кашфиёташро зада шикаст. Ҳатто бемор шуд. Вале баъдан бо зориву таваллои ман ба кори ихтирооташ идома дод".

Падари Рустам 16 сол боз дар Русия мардикор ва бори зиндагии хона дар души модар буд. Рустам барои харидани таҷҳизот пул надорад. Баъзан маврид домуллои деҳа ба ӯ кӯмаки молӣ мекунад. Ахиран маҷбур шуд то устохонаи кашфиёташро ба мағоза табдил дихад ва ҳар чизи хурду резаеро ба фурӯш барорад то бо пули он таҷҳизот харидорӣ кунад ва ба кашфиётҳои тоза даст ёбад. Рустам умед дорад, ки рӯзе ин дӯкон ба корхона табдил мешавад ва дар он тарҳи дастгоҳҳои кашфкардааш ба истгоҳҳои воқеъи мубаддал мегарданд.
XS
SM
MD
LG