Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бозии мавқуфгузоштаи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми 25-уми июл поён ёфт.

Бозии мавқуфмондаи даври 12-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи меҳмонон ба охир расид. Голро Шавкат Худойназаров, бозигари ҷавони “Вахш”, дар дақиқаи 8-уми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии мавқуфмондаи даври 13-уми мусобиқот миёни ССКА «Помир»-и Душанбе ва “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар варзишгоҳи Бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом пазируфт.

Ҳамин тариқ, то имрӯз 11 даста – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, “Равшан”-и Кӯлоб, “Истиқлол”-и Душанбе, “Хайр”-и Ваҳдат, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, "Хуҷанд"-и Хуҷанд, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Истаравшан”-и Истаравшан, “Энергетик”-и Душанбе, "Ҳосилот"-и Фархор ва "Зарафшон"-и Панҷакент бозиҳои давраи аввали мусобиқотро ба анҷом расониданд.

Сарфи назар аз натиҷаи бозии охирини мавқуфгузошта миёни дастаҳои “Вахш” - “Гвардия” (рӯзи 28-уми июл) тими "Регар-ТадАЗ" бо 32 имтиёз ғолиби давраи аввал гардид. Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо 31 имтиёз мақоми дувумро касб кард. Дастаи "Истиқлол" бо 26 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Регар-ТадАЗ" 12 10 2 0 33-9 32
2. "Равшан" 12 10 1 1 18-5 31
3. стиқлол" 12 8 2 2 28-8 26
4. "Хайр" 12 6 3 3 21-18 21
5. “Парвоз” 12 5 2 5 27-18 17
6. "Вахш” 11 5 1 5 13-7 16
7. “Хуҷанд” 12 5 1 6 18-18 16
8. ССКА “Помир” 12 4 4 4 11-14 16
9. "Истаравшан" 12 4 2 6 18-24 14
10. “Энергетик” 12 3 4 5 17-17 13
11. "Ҳосилот” 12 2 1 9 12-31 7
12. “Зарафшон” 12 1 3 8 14-37 6
13. "Гвардия” 11 1 0 10 7-31 3


Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев (“Истиқлол”) -10 гол, Асадулло Бобоҷонов ("Парвоз") - 9 гол, Габриэл Донто (“Энергетик”), Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) - 8-голӣ, Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Индус Ҳусейнзода ("Хуҷанд") - 7-голӣ.

28-уми июл, шанбе
Бозии даври 13-ум
«Вахш» - «Гвардия»

Оғози бозӣ – соати 17:30

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG