Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Ба марзи Бадахшон нерӯҳои иловагӣ мефиристем


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки нерӯҳои иловагии низомӣ ба минтақаи бадахшонии марзи миёни ду кишвар фиристода мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз ташаннуҷи авзоъ дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон, аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ карданд.

Ҳомид Карзай ваъда додааст, ки нерӯҳои иловагӣ то ором шудани авзоъ дар Хоруғ дар марз боқӣ хоҳанд монд. Сарони ду кишвар ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон то хатми амалиёти вижа дар Хоруғ пайваста дар тамос хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG