Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Шӯрои ваколатдори бадахшониён дар Русия


Тазоҳуроти бадахшониҳо дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Тазоҳуроти бадахшониҳо дар Маскав

Рӯзи чаҳоршанбе сокинони Бадахшони муқими Русия дар ҳамоише Шӯрои фавқулоддаи ваколатдор ташкил карданд ва аз ташкили он ба сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар доданд.

Дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав ва аъзои шӯрои мазкур ин хабарро таъйид карданд. Ин Шӯро аз 8 нафар шахсиятҳои шинохтаи Бадахшон, ки дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба сар мебаранд, иборат мебошад. Ҳадафи шӯро дастрас кардан ва расондани иттилооти дақиқу дуруст ба мардуми Бадахшони муқими Русия дар бораи вазъи Хоруғ ва хонаводаҳои онҳо дар Бадахшон мебошад.

Ин шӯро имрӯз ба нишонии Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиатномае таҳия ва ба сафорати Тоҷикистон тақдим кард. Муроҷиатнома аз роҳи сафорат ба зудӣ ба раиси ҷумҳур фиристода шуд. Дар он аъзои Шӯро аз эълони оташбас дар Хоруғ истиқбол кардаанд, вале чанд дархости дигари худро низ ба миён ниҳодаанд. Аз ҷумла, онҳо баровардани неруҳои мусаллаҳ аз қаламрави вилоят ва барқарор кардани иртиботи телефонӣ бо шаҳри Хоруғ ва манотиқи дигари Бадахшонро тақозо намудаанд.

Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳор дошт, ки бо аъзои ин шӯро мулоқоти тӯлонӣ доштааст ва сафорат омода аст бо ин шӯро ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад

Дар тӯли мулоқоти қариб панҷсоата бо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, ҷомеаи бадахшониҳои Русия нигаронии худро аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ баён карданд. Бо ироаи муроҷиатномаи хаттии худ ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон, онҳо хостори хатми хушунатҳо, ҳалли сулҳомези қазия ва барқарории робитаи телефонӣ бо Хоруғ ва навоҳии атрофи он шуданд.

Дар муроҷиатномаи бадахшониҳои Русия аз Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба унвони кафили Қонуни асосии Тоҷикистон, тақозо шудааст, дар амри ҳифзи мардуми осоиштаи ин шаҳр иқдом намояд.

«Мо қатли генерали кумитаи амнияти Абдулло Назаровро шадидан маҳкум мекунем ва дар робита ба амалиёте, ки барои боздошти қотилон роҳандозӣ шудааст, аз шумо хоҳиш мекунем, ки амнияти мардуми осоиштаро таъмин кунед. Мо баргузории амалиёти низомӣ дар як шаҳраки хурд, ки мардум зиёд зиндагӣ мекунад, ба ташвиш овардааст».

Дар ин муроҷиатома аз хабарҳои зидду нақиз дар мавриди миқдори қурбониёни ин даргирӣ аз ҳисоби мардуми осоишта, қатъи иртиботи телефонӣ бо Хоруғ изҳори нигаронӣ шудааст.

Дар ин робита аз раиси ҷумҳур хоҳиш шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз хабарҳои беасос ва иғвоангез дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки берун аз Бадахшон ҳастанд, иртиботи телефонӣ бо минтақа дар зудтарин фурсат барқарор шавад.

«Мо мутмаин ҳастем, ки хунрезӣ ваъи аз ин ҳам бади мардуми ҷафодидаи тоҷикро бадтар насозад», гуфтаанд бадахшониҳои муқими Маскав.

Ин гурӯҳ, ки шуморашон аз сад нафар бештар гуфта мешавад, натавонистанд аз шаҳрдории Маскав иҷозаи баргузории раҳпаймоиро дар муқобили сафорати Тоҷикистон ба даст оваранд, аз ин рӯ, мардуми ҷамъшударо ходимони полис ва амнияти Русия талош мекарданд, пароканда кунанд. Тибқи иттилои радиои Озодӣ, онҳо тавонистанд дар давоми панҷ соат рӯзи 25 июл бо сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев гуфтугӯ кунанд.

Инчунин, имрӯз дар дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҳам бадахшониҳои маҳаллӣ ба нишони эътироз аз амалиёти низомии нирӯҳои ҳукуматӣ дар Бадахшон гирди ҳам омаданд. Дар баробари онҳо сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Асомуддин Саидов ҳозир шуд ва аз амалиёти вижаи ҳукумат дар Хоруғ, чун як амалиёти зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ, ҳимоят кард.

Ин ҳамоиш бо ташаббуси анҷумани тоҷикон ба номи Рӯдакӣ, созмони "Сомониён" ташкил шуд.

Тазоҳурот дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:37 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG